ШАҲРИТУЗ. Дар назди бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба пешвози 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.
Дар корҳои ободонӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон иштироки фаъолона дошта, дар корҳои бетонрезӣ бо мақсади соҳилмустаҳкамкунии назди бино ва омода намудани ҷой барои гулшинонӣ саҳм гузоштанд.