БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ганҷинаест, ки инсонро ба мақсуд мерасонад

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!», ҷиҳати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо  ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази таҳсилоти калонсолон”-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Маҳмадсаид Раҷабзода иштирок дошта, атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, ки рӯзи 7 феврали соли равон таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Маркази таҳсилоти калонсолон”  Зуҳрои Маҳмадсаид    бахшида ба Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, дар намоишгоҳи мазкур занону бонувони ҳунарманд  маҳсули дастранҷи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg