МӮЪМИНОБОД. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод ва иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо кормандону фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия», «Кӯмаки аввалияи тиббӣ», «Бахши фарҳанг» ва «Шуъбаи маориф» дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!» баҳри сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Артиши миллӣ корҳоисозандагиву бунёдкорӣ доир намуданд.
Ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ иштирокдорон шурӯъ аз роҳи марказии ноҳия ва гирду атрофи варзишгоҳ дар тозаю озода намуда, дар корҳои ободонӣ саҳм арзанда гузоштанд.
Иқдомҳои неку ватандӯстона бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия бо мааром идома дошта, онҳо ният доранд ҷашнҳои пурифтихори давлату миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.