БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сохтани пул гузаштан аз пули охиратро осон мекунад

ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз деҳаҳои Оби Шифо ва Бошқайнари ҷамоати деҳоти Норин ҷиҳати дар сатҳи баланд сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар болои дараи миёни деҳаҳои мазкур пули мошингузар бунёд намуда истодаанд ва инчунин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони маҳалаҳои мазкур хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти хониши сиёсӣ и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиҳов Маҳмадрасул андешаронӣ намуда, оид ба баланд бардоштани фарҳангу маданияти шаҳрвандон ва аҳли оилаи онҳо, пайравӣ аз  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хосса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, ҷиҳати дар сатҳи баланд сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ  ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ , тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгири  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебуниёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИТ, Гурӯҳи  24, дар бораи ободонии маҳалли зисти мардум  ва  ғайра  андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg