ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Қабодиён»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мамадназарова Зубайда, раиси ташкилоти ибтидоӣ Қиличева Арафамоҳ, эмомхатибони масҷиди панҷвақтаи деҳот, вакилони ҷамоат иштирок дошта, ҳадаф аз баргузории чунин вохӯрӣ ва ташкили корҳои ободониро дар маҳал ба сокинон фаҳмонида, онҳоро ба ободгароиҳо ҳидоят карданд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ масъулин дар якӌоягӣ бо сокинон ба шинонидани ниҳолҳои сояафкануороишӣ шурӯъ намуда, дар чорабинии ба истифода додани пули одамгузарро иштирок карданд.
Пули мазкур бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии номбурда ва дар якҷоягӣ бо сокинон сохта шуда, мушкилоти онҳоро осон кард.
Дар оянда низ иқдоми неки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб идома дошта, тасмим гирифтанд, ки дар деҳот сохтмони майдонча барои бозии кӯдакони то синни мактабиро ба роҳ монанд.