ВОСЕЪ.Татбиқи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ноҳияи Восеъ бо маром идома дорад.
Ин навбат бо ташаббуси аъзои фаъоли ҲХДТ, шахсони саховатманди ноҳия оилаҳои ниёзманди ҷомеа дастгирӣ ёфтанд.
Қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша муҳтоҷи дастгирию ғамхорӣ мебошад. Инро ба назар гирифта, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо кȳмаку дастгирии роҳбари башардȳстони ноҳияи Восеъ Ғаниев Қосим ба 30 оилаи ниёзманд аз маҳаллаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Гулистон ва ҷамоати шаҳраки Ҳулбук маводҳои хȳрока кӯмак расонида шуд.
Мақсад аз кȳмак намудан ба оилаҳои ниёзманд аз он иборат аст, ки онҳо ҳаёти осуда ба сар бурда, ба ҳаёт дар ҷомеъа мутобиқ гарданд.