
КУШОНИЁН. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 ва барои сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои озандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.
Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Домулло Азизови ноҳия шанбегӣ ташкил карданд. Иштирокдорони шанбегӣ гирду атрофи деҳаи номбурдаро ба тартиб дароварда, алафҳои бегонаи худрӯй ва партовҳоро аз ҷӯйборҳои роҳи деҳа тоза карданд.