БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Лаънаткардаҳои халқ, бас кунед, таҳқиру фиребро нисбати халқи Худододи тоҷик!

ВОКУНИШ.Шукри худо, ки ба мо тоҷикон чунин сарвари оқили доно, ба миллати ҷафопешаи мо Истиқлолиятӣ давлатӣ ва ҷумҳурии мустақилро насиб дид. Чашми курдилон аз муваффақияту дастовардҳои миллати куҳанбунёди тоҷик сахт сих мезанад. Рашкашон ба он омадааст, ки тоҷикону Тоҷикистонро тамоми мардуми дунё мешиносад. Ба сухани сарвари оқилу донояш гуш медиҳнад. Тоҷики асил Ватанашро дӯст медорад, баҳри ободии Ватани азизаш кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад, аз тоҷик будан ва дар ин кишвари биҳиштосо  зиндагӣ кардан мояи ифтихор мекунанд. Аммо ҳастанд лаънаткардаҳои халқ, ки худро тоҷик, ватандор ҳисобида, тоҷику Тоҷикистонро санг мезананд, барои Ватан ба ғайр аз сафедро сиёҳ гуфтан, хиштеро болои хиште намондаанд. Аз рузе, ки ҳизби маъншудаи наҳзати ислом арзи ҳастӣ кардааст, аз номи муқаддаси Ислом ба халқ даҳшат, кулфат, террор, ноамнӣ, ноободӣ, вайронкорӣ, қасди молу мулки халқу давлат, сиёҳкорӣ, дигар кореро дар ҷумҳурӣ ва берун дар он накардаанд. Худро ҳомии миллат шуморидан ва миллатро як бор ба гирдоби нобудӣ расонидани ин ҳизби бадхоҳ аз ёди халқ берун нарафтааст. Шукри Худо, ки ба мо мардуми азияткашида, ва дуои аҳли мардуми тоҷик баъди ҳазорсолаҳо ин марди ҷасуру далер, худодод, дурандеш, ободкор, дар асл тоҷики ҳақиқиро сарвар доду моро аз ин вартаи бало бо розигии Худои мутаол озод кард. Ман шоҳиди зиндаи он воқеъаҳои нангинам, чи тавр мактабҳою, корхонаҳои давлатиро ғорат карданд, кашида гирифтани молу мулки халқ, беҳокимиятӣ, беҳуқуқии халқ, бесаводон худро соҳиби ислом, давлат шуморида, касеро, ки ба онҳо ситорааш маъқул набуд, ҷисман бе пурсишу суд мекуштанд. Миллат, халқ аз худо як илтиҷо дошт, кай сулҳ мешуда бошад, кай аз ин маразҳо халос мешуда бошад? Кай шиками халқ аз нон сер мешуда бошад? Кай қонун амал мекарда бошад? ва кай дар ватани бобоии худ озод мегашта бошад? Худои мутаол ба дарди мардум ин марди Худоро сарвар дод. Намояндагони Ҳизби террористии наҳзати ислом як бор аз худ, роҳбарони худ савол намедода бошанд, ки барои чӣ дар лаҳзаи душвортарини миллат роҳбариро ба душ нагирифтанд? Имрӯз, ки Тоҷикистон  як гӯшаи биҳишти дунё гаштааст, мансабхоҳӣ мекунанд? Канӣ мантиқ? Халқи тоҷик, хурду бузург Сарвари худро дӯст медоранд, ба қадри меҳнаташ мерасанд, зарур шавад барои ӯ ҷон медиҳанд.

- Эй наҳзатиҳои  лаин як бор мард шавед, монед, ки тоҷик зиндагии шоистаи худро роҳи интихобкардаи худро пеш барад. Шуморо халқ интихоб накард, аз шумо ҳазар дорад. Шумо, ки зархариди хоҷагони хориҷии худ мебошед, халқ сафедро аз сиёҳ фарқ мекунад, аз хориҷа истода шарм надошта халқу давлатро сиёҳ мекунед. Шумо набудед, ки баъди ин қадар разилию пастиатон, сайёҳони хориҷиро дар таърихи 29-июл дар ноҳияи Данғара куштед? Максадатон бисёр сиёҳ, ниятатон хело бад, рафторатон шайтонӣ, чӣ фикр кардед, ки бо ин рафтори нопоки худ обрӯи Тоҷикистон, махсусан сарвари онро паст мезанед, тоҷикро ба зону мешинонед.

Не! Ҳаргиз не! Миллати сарбаланди тоҷик барои ин кирдори разилонаи  шумо ба ҳафт пушти Шумо лаънат хонда, аз Худои мутаол талаб карданд, ки Худо шуморо, беватан, сарбурида, дар ғариби сагвор ҷон бидиҳед. Дуои халқ мустаҷо мегардад. Таърих дар ёд надорад, ки тоҷики меҳмондӯст меҳмонашро ваҳшиёна бикушад. Шумо  ва зархаридорони шумо ин корро кардед. Ба лаънати халқ дучор шудед. Ҳоло бошад ба назди хоҷагони худ чӣ дар Эрон бошад, чӣ дар Лаҳистон ба назди ташкилотҳои байналмилалӣ рафта, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон дода, халқи тоҷик, миллати худро туҳмату буҳтон зада истодаед. Агар мардед, агар ватану миллатро дуст медоред, биёед ҷойҳои ноободро обод кунед. Мо ба шумо лаънат хонда, ҳамон қадар   зичтар дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо давлату ҳукумат қувваю ғайрати худро дареғ намедорем. Мо Ватанамонро, пешравии онро бе Эмомалӣ Раҳмон дарк намекунем, мо уро дӯст медорем, сиёсаташро пурра дастгирӣ мекунем.      

Қосимов Раҳматулло-корманди НБО-и Норак, узви Гӯруҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Норак        

                                                 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg