БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал Аксияи ҳизбиро муҳим ва саривақтӣ ҳисобиданд

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия”  бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шарифҷон Набиев хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Шарифҷон Набиев дар баромадаш оид ба бандҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, он нуктаро, ки бевосита ба фаъолияти кормандони молия  оид ба  дахлу харҷи маблағҳои буҷетӣ дахл дорад, таъкид намуд. Ҳамчунин дар баромад оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳҳои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, риояи фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, хатари ба ҷомеа, давлату миллатдоштаи нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия,  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ВИЧ/СПИД, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ суханронӣ кард.

 Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлат Эмомов баромад намуда,  фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар кори ба аъзои ҲХДТ расонидани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТдар вилояти Хатлон қаноатбахш арзёбӣ намуд.   

Инчунин, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем”- ро аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ваилояти Хатлон вобаста ба пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дар бораи солҳои 2019- 2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидан иқдоми саривақтӣ ва шоиста баҳогузорӣ намуда,  дар асоси талаботи он дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам ба кӯдакони маъюби Маркази солимгардонии ноҳия ёрии моддӣ расонида,  бо саршавии корҳои мавсимӣ дар ободонии марказ ва маҳали зисти худ саҳм мегиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg