
ҲАМАДОНӢ.Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ғараб» ва «Маслуқ»-и ҷамоати деҳоти Чубек бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба корҳои созандагию ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалаҳои аҳолинишин суханронӣ карда, қайд намуд, ки бо эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд 1 миллиону 155 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бодарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.