БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург доранд

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ҳизб дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Самар-транс-18» доир гардид.

Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои Барномавию Оинномавӣ ва нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда,

қайд кард, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз доштанд, ки дар шароити Тоҷикистон  93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд.

Ҳамзамон, мавсуф ёдовар шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 2100 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 1000 км роҳҳои мошингарди дохилӣ, ҳамчунин, нақбу пулу роҳҳои оҳан таҷдиду азнавсозӣ шуданд. Дар ин самт 7 вазифаи Ҳукумати кишвар мушаххас ва муайян карда шуд, ҷомеа бояд аз моҳияти онҳо огоҳ бошад.

Дар охири маҷлис ба иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ, рӯйимизӣ ва деворӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg