БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯдакон насли ояндасози давлату миллатанд

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Боғчаи бачагонаи ноҳияи  Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи бачагона» Муродова Марворӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Гулсанбӣ Раҷабова дар назди ҷамъомадагон  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мамлакат, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Точикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ  нисбати фарҳанги либоспӯшии занону духтарон, ҳолатҳои муноқишаи оилавӣ,ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим ва муқовимат бо коррупсия андешаронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg