БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саноаткунонии босуръати кишвар моро ба кишварҳои пешрафта ҳамқадам месозад!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Нуриҳои Осиё» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Фароғат Назарова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар самтҳои тараққиёти мамлакатро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва бо дарназдошти пешомадҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян ва мушаххас намуданд. Амалисозии ин ҳуҷҷати аҳамияти стратегидошта аз ҳар фарди ватандӯст, дар навбати аввал аз фаъолони ҷомеа ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ватандӯстиро тақозо менамояд, ки баҳри анҷом додани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва расидан ба асолати миллӣ беш аз пеш масъулиятшинос бошем.

Дар охир иштирокчиён ба корҳои созандагию ободонӣ даъват карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg