БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – халқро барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар менамояд!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивии №2” доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивии №2”  Ҳамидова Наргис иштирок  намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад карда, иброз намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми қишрҳои ҷомеа ва охирин деҳаю маҳаллаҳо расонида,  мардумро барои  расидан ба  ҳадафҳои стратегии кишвар бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди устувори иктисодӣ, сабру таҳамул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташабускорӣ ҳидоят намоем.

Инчунин, дар рафти маҷлис вобаста ба таърих, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои барномавии он мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg