ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумита дар бораи Паёми Пешвои миллатро ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда, дар бораи таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ ва самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва пешгтири шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуд.
Инчунин, Шарифзода Маҳмадаюб иброз дошт, ки сол аз сол аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва илм бештар гардида, саъю кӯшиши Сарвари давлат барои илмомӯзии насли имрӯза ва иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғоли занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.