БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии мамлакат орзуи ҳамешагии мост!

ЁВОН.Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқии ноҳия" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иштирок дошта,  дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла  саҳм гузоштан дар  сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg