БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хатлонстройсервис» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи мукаммал ба рӯзгори мардум равона мегардад. Тавре ба ҳамагон маълум аст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян карданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор дода шуда , аз ҷамъомадагон ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд.