БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр дасти дармондагону бечорагонро гирифтан аст!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия»-и ноҳия дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ализода Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон ва аъзои  фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар нохияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад ба сухан баромада атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамзамон вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфасал ибрози ақида намуд.

Дар рафти баромади худ Асалмамад Бекмамадов доир ба Аксияи тарғиботӣ–амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳадафи Аксияи мазкур ин сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина  сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

Ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» дар ростои Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як оилаи ниёзманд дар ҳаҷми 350 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg