А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён»-и назди шабакаҳои барқии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Аз он ҷумла, дар баробари шинонидани дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз, маъмурияти корхона тасмим гирифтааст, ки роҳи мошингарди назди идораашонро сангфарш намуда, пурра аз таъмири босифат бароранд.