КУШОНИЁН. Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониву созандагӣ ва ҳашарҳои умумӣ дар ҳудуди ноҳияи Кушониён идома дорад.
Ин навбат дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Ориён, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба ҳашари умумӣ баромада, ҷӯйборҳои обгузари деҳаи номбурдаро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, зиёда аз 300 метр ҷӯйборҳои обгузарро таъмир карданд.
Чунин корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳудуди ноҳия то ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона доранд.