Н.ХУСРАВ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба амалигардонии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби васеи мардум ба татбиқи ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ, амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти мамалакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи Ҳамро Олимов” бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , бармеояд шарҳу тавзеҳ дода, эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин амлисозии Соли тақвияти робита бо маҳал ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.
Дар маҳалла Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, сокинон тасмим гирифтанд, ки ҷӯю обравҳои дохили маҳалларо аз партовҳо тоза намуда, корҳои ободониро ривоҷ дода, гирду атрофи биноҳои сари роҳи марказии маҳалларо тоза намудаву сангфарш намуданд.