БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориён»-и ҷамоати шаҳраки Обикиик-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханрони карда шуд.

Дар хотима бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва дастгирии истиқоматкунандагон дар маҳаллаи мазкур чароғҳои равшаникунанда васл карда шуда, ҳамзамон оиди баргузории шанбегӣ дар боду ҳавои муносиб, аёдати беморон ва расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, тавсияҳо дода шуд.           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg