БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маӽалли худро бо меҳнати софдилона ободу зебо мегардонем!

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи Навобод чорабинии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноӽия Шаӽноза Раҷабова, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роӽила ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед  бо сокинони фаъоли маҳаллаи болозикр баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ Шаӽноза Раҷабова оид ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар корҳои ободонию бунёдкорӣ суханронӣ намуд.

Фаъолони маӽалла дар доираи Аксияи ҳизбӣ ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карда, роҳҳои вайронаи кȳчаӽои маҳалларо сангфарш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg