БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҳаллаи обод симои сокинони бомаърифатро инъикос мекунад!

ПАНҶ.Бо  мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, тарғибу  ташвиқи фарҳанги миилӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ, эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи маънавии ҷавонон,  мустаҳкам намудани  дӯстӣ ва пояҳои ваҳдати миллӣ бахшида ба Соли  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки  аъзою ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Зарринкамар”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.

Нахуст Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба эълон гардидани соли 2019 ҳамчун Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Дар идома қайд гардид, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, то соли 2021 идома меёбад. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Зарринкамар” баҳри амалӣ намудани ҳадаф, кору пайкори созанда ва ободкоронаи давлату ҳукумат ва Сарвари хирадпеша тасмим гирифтанд, ки корҳои ободониро бештару хубтар ба роҳ монанд.

Дар як рӯзи ободонӣ сокинон бо тоза кардани саҳни ҳавлиҳою дару девори хонаҳояшон машғул шуданд. Ҳамзамон, замини наздиҳавлигиашон нарму мулоим карда шуда, дарахтони боғу токзорҳояшон ба тартиб дароварда шуд. Иловатан, бо қувваи сокинон роҳҳои тангкӯчаҳои маҳалла  сангфарш карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg