
КУШОНИЁН.Ба хотири ободгардонии диёр ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сари ҳавз”-и ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён корҳои ободонӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои ташкилоти номбурда ташкил карда шуд.
Иштироккунандагон гирду атрофи деҳаро ба тартиб дароварда, ҷуӯйбори обгузари деҳаро аз партовҳо тоза карданд.