БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Зери ҳамин унвон ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019, дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохия иштирок дошта оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти хизбӣ, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстремистӣ-террористӣ  суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон атрофи корхонаро тозаву озода карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg