БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат барои мо ҳизбиён барномаи амал аст!

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи сил»-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст, зимни мулоқот мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа вобаста ба дастовардҳи дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун”, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ тозаву озода шуда, дар назди ташкилот ҷойи махсус барои гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ороишӣ сохта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg