БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суханҳои Кабирӣ танҳо ба манфиати кори худу хоҷагонаш ва ватанфурӯшону хоинони ҷамънамудааш мебошад

ВОКУНИШ.Тамошои  суҳбати  онлайнии Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери паймони миллӣ маро  водор сохт, ки аз ин суҳбатҳои бардурӯғу пур аз бофтаи хаёли ин асолатбохта  ва хоҷагони хориҷиаш дур  бошему нагузорем, ки суханони пурпечи  ӯ мо ҷовонони тоҷикро фирефта кунад.  Зеро суханонаш ҳамеша ба манфиати кори худу  хоҷагони хориҷӣ ва  ватанфурӯшону хоинон мебошад. Дар тамошои суҳбати онлайнии Муҳиддин Кабирӣ эҳсос мешавад, ки ӯ зери ниқоби паймони миллӣ кадом нақшаи хоинонаи хоҷагони хориҷиашро дар Тоҷикистон ҳамчун падарони маънавиаш пиёда сохтанист. Оре,  тамошои  суҳбати онлайнии Муҳиддин Кабирӣ барои ҷалб намудани ҷавонон ва фоидаи муфт ба даст овардани Кабирӣ асту халос, дигар чизеро аз ин худсафедкунӣ интизор шудан нашояд. Аз ҳамин лиҳоз мо ҷавонон бояд бештару  бештар ба қадри ин Ватан, ба қадри хизматҳои беназири  Роҳбари давлат, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва халқи азизамон расему  содиқонаву самимона хизмат намоем.  Нагузорем, ки ашхосе ба мисли ин хоин, ин ватанфӯруш, ки номаш Кабирӣ аст,  номи миллати тоҷикро дар олам доғдор намуда ва нохалафе ба ин миллате, ки сулҳпарвар, озодихоҳ  ва ваҳдатпарвар аст бо чашми бад нигарад.

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолро мебояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бо шиори ҳамешагии  «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!» зери парчами сулҳу ваҳдат, сиёсати оқидлонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат  баҳри ободии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.   

Асақолов Алиҷон,  сокини ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg