БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҷавонон амалҳои номатлуби гурӯҳҳои террористиро маҳкум менамоем!

АНДЕША. Мо ҷавонони  саодатманди  Тоҷикистони  соҳибистиқлол аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз дар Ватани биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат саросарӣ  пойдор  буда,  барои  омӯзиш ва рушду  инкишофи  ҷавонон тамоми шароитҳои   муфид   фароҳам   аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси   муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф гардиданд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат  иброз доштанд, ки “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзандаашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам.” Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки бо дастгирии падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки ҷавонони мо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми фаъоли худро гузошта истодаанд. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Дар сафҳои ҳизби мо ҷавонони ватандӯст, ба кори ҳизбӣ содиқ, фаъолу ташаббускор ва ташкилотчӣ хеле зиёданд.

Мо ҷавонон дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Дигаргуниҳои ҷомеа ба ҷавонон тез таъсир  мерасонад. Ин як зумра мушкилоте  мебошад, ки бартараф кардани онҳо кори хело  зарур аст. Ин мушкилии ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеадоштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Роҳи асосие, ки имрӯз ҷовонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ пайваст мешаванд,  бемаврид  ва нодуруст  истифода намудани шабакаи ҷаҳонии  интернет  ва  шабакаҳои      иҷтимоӣ     маҳсуб меёбад.     Дар  ҳақиқат  сатҳи  пешрафти техника ва технологияи иформатсионӣ бениҳоят дар ҳоли рушд ва пешравист, зиёди ҷавонон аз технологияҳои замонавӣ  истифода мебаранд. Мутаассифона,  баъзе  аз ҷавонони  ноогоҳи   мо  ба  ҷои он,  ки  аз   ин  имкониятҳо   оқилона истифода  намоянд,  баръакс  ба  амалҳое  даст мезананд,  ки   боиси   нигаронии   аҳли  ҷомеа  мегарданд.  Онҳо  ба   дассисаву  найрангҳои  гурӯҳҳои   ифротӣ    бовар  намуда,  ба   сафи  ин  гуна  ташкилоту  гурӯҳҳо  дохил мешаванд, ки  ин   амали   онҳоро  ман   ҳамчун  як  тан   аз  ҷавонони даврони  соҳибистиқлолии кишвар маҳкум   менамоям.  Ин гурӯҳи ҷавонони  ноогоҳ  даъво мекунанд, ки  баҳри  дини   ислом  меҷанганд ва ҷиҳод мекунанд. Зери ниқоби дини ислом корҳои ҷосусонаи худро ба роҳ монда истодаанд.  Баҳри  дини ислом  набояд  ҷангид ва хуни садҳо мардуми бегуноҳро резонд  ва кишварҳои ободу озодро торумор кард.  Баҳри дини ислом бояд сулҳ овард,  некӣ  намуд, дасти маъюбону пиронсолонро гирифт. Тоҷикистони сарсабзу хурраму  гулистони худро бояд муҳофизат кард.  

Ман  ҳамчун  аъзои   намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонон «Созандагони Ватан»   ба    кулли   ҷавонон  гуфтаниям:  Биёед   ба  мисли   Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри рушду  ободии  Ватанамон  саъю кӯшиш намуда,   бо кору  фаъолияти   пурсамари  худ  Тоҷикистони азизамонро  ободу гул-гулшукуфон  гардонем,  Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафтаву  тараққикарда  дар арсаи ҷаҳонӣ  муаррифӣ  созем    ва  ворисони   ҳақиқии  ин  марзу  бум   будани  худро  исбот  намоем.

Манора  Абдуллоева,  аъзои намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg