БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи насли наврас аз фаъолияти босамари омӯзгор вобастагии зиёд дорад

ШАҲРИТУЗ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии № 3-и  деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов  вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод,  Акрамов Раҳим ва  Ҳикматова Хайриниссо  бо кормандон ва омӯзгорони муассиса баргузор гардид.

Дар вохӯри масъулин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», аз ҷумла  пешгирии шомилшавии љавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстремистӣ ва террористӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ ҳарф заданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз тарафи муовини Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод ба аъзои навқабулгаштаи ташкилоти ибтидоии ҳизбиёни муассисаи таълимии №3 шаҳодатномаҳои ҳизбї  супорида  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg