Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Бодомтуи ҷамоати деҳоти Чагам тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрӣ доир намуданд.
Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ рӯзи 7.02.2019 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва хизмати содиқона ба халқу Ватан даъват ба амал оварданд.