БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватан маъвои меҳр ва сарзамини аҷдодии мост!

ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдуназар Соҳибназаров»-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Азизӣ Сабоҳат иштирок дошта,  оид ба самтҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуд.

Дар хотима мавсуф дар бораи моҳияти Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  сухан гуфта, сокинонро  дар боду ҳавои мусоид анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ,  аёдати беморон ва расонидани кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа, ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg