БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаи тандурустӣ дар барномаи ҲХДТ мавқеи хоса дорад!

ХОВАЛИНГ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.   

Хониши сиёсиро котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Лариса Мирзоева кушода қайд намуд, ки бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани  раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” Раҳматулло Рабиев ба мо лозим аст,  ӯро  аз вазифа озод ва ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ  шахси дигарро раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб намуданд.

Сипас, дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов баромад намуда,  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дод.

Аъзои ҲХДТ ба   самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ки бевосита ба фаъолияти меҳнатии онҳо дахл дорад, аз ҷумла он бандҳои Паём, ки ба соҳаи тандурустӣ бахшида шудааст,  вазъи сиёсии ҷаҳон, роҳҳои мубориза ба хатарҳои мавҷуда -  терроризму экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳалталаби рӯз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар хониши сиёсӣ аъзои ҳизб Назаралӣ Ситамов,  Шерхон Қурбонов, Шомидин Ҳусайнов ва чанде дигарон баромад намуда, нуктаҳои Паём ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ -  ро як дастури рӯимизӣ дар фаъолияти кории худ арзёбӣ намуданд.  Он камбудиҳое, ки дар Паём оид ба соҳаи кори кормандони соҳаи тибб баён гардид,  дар ноҳияи мо ҳам ҷой дорад.   Мо вазифадорем,  баҳри рафъи онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намоем.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Иброҳим Раҷабов Аксияи тарғӣботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро саривақтӣ ҳисобида афзуд, ки бо қувваи коллектив бо об шудани барфу аз байн рафтани ҳолати яхбандӣ таъмири биноҳои марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро оғоз намуда, санаҳои мубораки дар пешистодаро бо тайёрии пешакӣ ва туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз мегирем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg