ФАРХОР.Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пусту зуҳравӣ» хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Мақсад аз баргузории хониши сиёсӣ пеш аз ҳама шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмондадиҳии моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ буд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёми Президентро, ки маҳз ба самти фаъолияти соҳаи тандурустӣ дахл дошт ва ҳадафи асосии эълон намудани соли 2018-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро мухтасар шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамчунин ҳизиринро аз хатарҳои терроризму экстремизм огоҳ намуда, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро муфассал шарҳ дод.