БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои фарзандонамон шароити мусоидро фароҳам меорем!

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Норак  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни вохӯрӣ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ, ки санаи 7-уми феврали соли ҷорӣ дар китобхонаи миллии шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ Парвина Исмоилова  оид ба  яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронӣ буд, ки ин шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  террористиву экстремистӣ, ки зиёда аз 1800 нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили давлатҳои ҷангзада шудаанд, ки баъзеҳояшон бо аҳли оила рафтаанд, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, аз байн бурдани  таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баланд бардоштани сатҳи сифатии маълумотнокии омӯзгорон, ба ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб кадани занон баромад намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg