МУЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши ҷавонони ноҳия бо иштироки аъзоёни ҳизб хониши сиёси доир карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Рамазон Ҳайдаров ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ А.Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалб намудани ҷавонон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати мардонагӣ ба модар-ватан баррасӣ карда шуданд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия идома доранд.