КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулдара” бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул изҳор кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи дохилу хориҷи кишварро фаро гирифта буд, ки воқеан як дастурамали омӯзишӣ ва корбариест барои хизматчиёни давлатӣ ва маҷмуи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа.
Дар рафти мулоқот ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана тақдим гардид.
Дар охир аз ҷониби иштирокдорон ҳангоми шарҳ додани Паём барои амалӣ намудани дастурҳои дар Паём зикршуда маслиҳатҳои муфид дода шуд.