БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ вазифаи асосии мост!

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёра” оид ба самтҳои афзалиятноки барномаи ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин   иштирок дошта, дар бораи  нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарбияи дурусти насли наврас  дар роҳи ватандӯстӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки  аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳои амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб менамоянд, ки  ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз занону ҷавонон гардида истодааст.

Ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда, бо истифода аз тинҷиву оромии кишвар барои шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg