БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби мардумӣ ва мақсаду маромаш ба халқ хизмат кардан аст!

ДАНҒАРА.Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳалаи  8”-и ҷамоати шаҳраки Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи мавзӯъҳои масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва илмомӯзии ҷавонону наврасон, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, касбу ҳунаромӯзии аҳолӣ, танзими муносибатҳои оилавӣ, даствордҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар идомаи сӯҳбат ба як қатор аъзоёни фаъол билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg