БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи ҳизб масъулият дорем!

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хифзи муҳити зист»-и ноҳия чорабинии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Сараввал мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа намуда буданд, муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷтимоиёт хусусан ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаи тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад. Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд, оварда шудааст дар Паёми Пешвои миллат. Новобаста аз ин ғамхориҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишварамон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим ҳоло ҳам сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон бо мизоҷону беморон дар сатҳи паст қарор дорад. Бо ин мақсад Пешвои миллат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ва дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр дар доираи иҷрои қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" дар кӯчаи марказии ноҳия гулҳои садбаргро дастаҷамъона шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg