БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо сокинонро ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ сафарбар менамоем!

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ - амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти  унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази хизматрасонии алоқа”  вохӯрии навбатиро баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , натиҷагирӣ аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ бо иштироки  таҳти Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид , 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   аз ҷониби масъулин баррасӣ карда шуданд.  

Вобаста  ба  татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Толибов Ғоибулло  кормандони ташкилотиибтидоӣ  ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  ба корҳои сабзу ҳуррамгардонӣ саҳм гузоштанд.

Ҳамзамон  дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркуни раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  иштирок  намуд.

                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg