
ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чойхона" хониши сиёсӣ гузаронида, инчунин дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ як майдони варзишӣ мавриди баҳрабардории ҷавонон ва қисман роҳҳои байни деҳа сангфарш карда шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд ва и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солеҳов Маҳмадрасул ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲДТ суханронӣ намуда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.