БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бузургтарин хайр анҷом додани амали нек аст

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Устотоймас” хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова иштирок намуданд.

Зимнан Ватанзода Сайҷаъфар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайянгардида,  пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд,  мулоҳизаронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният,  адолат ва дар маҷмӯъ ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона карда шудааст.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами  рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg