ПАНҶ. Вобаста ба иҷроиши бандҳои чадвали вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Соҳибкорон”-и бозори марказии ноҳия чорабинии судманд дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия дар баробари роҳандозӣ намудани хониши сиёсӣ, ҳамзамон нашри махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ»-ро, ки барои дастрасӣ ба аҳолӣ чоп гардидааст, ба соҳибкорон дастрас намуданд.
Нахуст, дар назди аъзо ва ҷонибдорони ҳизб Ҳошимов Тоҳир муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ба сухан баромада, оид ба муҳтавои Паём, ки вобаста ба пешравии фаъолияти соҳибкорон нигаронида шудааст, ибрози андеша намуд. Аз ҷумла қайд дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ саноатикунии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда мешавад. Соли 2018 барои фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон гардид, ки ин ҳам ба манфиати субъектҳои хочагидори навтаъсис мебошад.