НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирдавс Ғафурзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи саломатӣ” Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ Фирдавс Ғафурзода вобаста ба моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромад намуда, иброз дошт, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои миллӣ, бахусус 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар намудани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ пайваста роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамарӯза дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Норак, дар ташклотҳои ибтидоии ҳизбӣ, деҳаю маҳаллаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр корҳои созандагию ободонӣ баргузор шуда истодааст.