БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишвари мо рӯз аз рӯз шукуфонтар шуда истодааст!

КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи Зарифҷон Наимов»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки кормандони ҳизб чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди ҷамъомадагон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз иштирокдорон барои иҷрои саривақтии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, даъват ба амал оварданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ ҳарф зада, моҳияти Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро ба сокинон фаҳмонида доданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аъзоёни ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи “Якҷоя ҳал мекунем” – ро роҳандозӣ намуда, роҳи назди маҳаларо аз алафҳои бегона тоза карданд, ва 12 – бех дарахти арча шинониданд.

Аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроия маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба аъзоёни ташкилот дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg