БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оӻоз мешавад!

ДӮСТӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Пасариқ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Дар рафти Аксияи мазкур кормандони масъулини Кумитаи иҷроиявии ҳизб бо сокинон маҳал оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат ороста, мардумро ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ ҳидоят намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳадаф аз баргузории Аксия ҳизбӣ саҳм гузошта дар сарсабзиву ободии Ватан мебошад. Инчунин, сокинон ба шинонидани дарахтон баҳри мустаҳкам намудани соҳили дарёи Вахш  сафарбар карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg