БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иғвоангезию дассисабозӣ кори хиёнаткорони беватан аст!

ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз бо хислатҳои ба худ хоси тоҷикона ва анъанаю суннатҳои содиқона ва шеваҳои мардона маҳбубу машҳур буданд ва ҳастанд. Аммо баъди соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатҷӯе пайдо шуданд, ки баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ ва нақшаҳое, ки  аз ҷониби “Шефҳои хориҷӣ”-и худ  терҳрезӣ шудаанд, мехостанд дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо иғвою дассисаҳои бемантиқашон миллатро байни ҳам шӯронида, нооромиву парокандагӣ ва саҳнае, ки дар қарни гузашта Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фарогир буд, аз сари нав барпо намоянд. Ва бо ин аъмоли бад ва хислатҳои ноҷавонмардона, хиёнат ба падару модар, миллат, давлат ва сифатҳои ғайриинсонии худ, инчунин ба номи бузургони миллат иснод оварданд. Ин ҳама  гуфтаҳо аз хислатҳои роҳбари Паймони миллии тоҷикон дар Аврупо М. Кабирӣ мебошад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро як шахси масъум ва ватандӯст нишон медиҳад, аммо дар асл сираташ ба ҷуз кинаву кудурат ва хиёнату ватанфурӯшӣ чизи дигаре нест. Мехоҳад дар рӯ ба рӯ бо мардум тариқи интернет ва шабакаи Ютуб, мустақиман, бо суханҳои бардурӯғ ва ҳасудхурона айби худро пӯшонад. Лек, чи илоҷ, ки офтобро бо доман пинҳон карда намешавад!. Хушбахтона, имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҷавонони ватандӯст, кам нестанд, ки барои як нафар ё ин ки як гурӯҳи мухолифи хиёнаткор, ки аз дур истода бар сари давлату миллати тоҷик санги маломат мезананд, тариқи вокунишу мақолаҳо ҷавобҳои мушаххас диҳанд.

Мардуми тоҷик дигар мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нестанд, ки ба дурӯғу дассисаҳои ТТЭ ҲНИ дода шаванд. Албатта, он рӯзҳои вазнинро дар ҷанги шаҳрвандӣ халқи тоҷик аз сар гузаронид. Ин ҳолат таҷрибае хубе гардид, ки мардум сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд. Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва танҳо мақсадаш созандагиву бунёдкорист.

 

Файзуллоев Алишер- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg