
АНДЕША. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари андешаҳои намояндагони васоити ахбори омма ва коршиносони дохилу хориҷ қарор дорад. Чун аз равзанаи таҳлил нек менигарӣ пайдост, ки инсон, инсонгарию инсонпарастӣ, тарбияи ҳисси меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва фароҳамсозии зиндагии шоиста марому маҳаки сиёсати Пешвои миллат аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар доираи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор , солҳои 2018-2028», ба кор андохтани чархи якуми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кушодани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро се рӯйдоди асосии соли 2018 дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии мардум номбар кардааст, ки комилан ҳақ аст. Дар соли сипаригардида пешрафи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ , бахусус бахшҳои истеҳсолии кишвар бо маҷрои наву тоза ҷараён гирифта ба ин васила дар мамлакат зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кори нав таъсис ёфт. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ кам гардида , сабади истеъмоли дар кишвар қавитар гардид.
Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбӣ идома пайдо намуда, дарозумрии аҳоли ба 75 сол расид. Фавти модару кӯдак нисбат ба солҳои пешин паст гардид.
Хеле хушҳолкунанда аст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ карда мешаванд ва нафақаю стипендияи донишҷӯён то 15 фоиз баланд бардошта шуд, ки ин бешак аз таъмини зиндагии шоиста башорат медиҳад.
Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, вусъатбахшии шуғли пурмаҳсул нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ тақозо дорад. Ин шакли ояндасоз аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар хуб арзёбӣ гардида, саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуд. Ва ин иқдоми шоиста беҳбудӣ бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 марҳилаи нави ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, таъмир ва навсозии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди инфросохторҳои ба замони муосир ҷавобгӯй сайёҳӣ, инкишоф ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ хоҳад буд. Бо боварӣ ва эътимод метавон гуфт, ки дар се соли минбаъда деҳоти кишвар комилан ба таври шинохташаванда рушд менамояд ва заминаҳои фарқияти шаҳру деҳот аз миён бардошта мешавад.
Бо дарназардошти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ , аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон дар оянда дастгирӣ ва диққати махсус равона мегардад.
Айни замон дар ноҳия 1674 нафар маъюбон 1078 нафар ятимон аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон бархурдор буда Маркази тавонбахши кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳраки Муъминобод бо фарогирии 100 нафар кӯдакони имконияти маҳдуддошта, гӯшаи бозӣ барои кӯдакони иллати саломатидошта дар ду ҷамоати деҳот дар хизматанд.
Бо боварии комил метавон гуфт , ки ҳар банди Паёми Сарвари давлат ифтихор ва шукргузорӣ аз истиқлолияту озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ, сидқан дӯст доштани марзу бум , муқаддасоти миллӣ ва даъват ба бунёдкориҳову созандагиҳо дар кишвар буда, рӯшангари роҳи фардои миллат аст.
Раҷабалӣ Табарзода- роҳбари Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод