БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавзӯъҳои ҳаётан муҳимро дар бар гирифтааст

ХОВАЛИНГ. Хониши сиёсие, ки дар деҳаи Санговаки ҷамоати деҳоти Ховалинг гузаронида шуд, барои иштирокдорон писанд омад.

Ҷамъомадагон   баромади корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифҷон Набиевро  оид ба  мавзӯъҳои хониши сиёсӣ бо мароқ гӯш намуда, дар охир ба ҳамаи суолҳои худ оид ба вазифаҳое, ки аз Паём бармеояд, ҳадафи чоруми миллӣ–саноатикунонии босуръати кишвар, мақсад аз эълон доштани соли 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ,  рушди энергетика, вазифаҳо дар амри иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз дигар самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ бармеояд, аз ҷумла роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, пешгирии бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, роҳҳои мубориза ба нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, бемориҳои сироятӣ ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Санговак”  Ёқуби Сайҳалим, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Акрам Амирзода, аъзои ҳизб раиси маҳалла Ҳасан Маҳмадов, раиси занони маҳалла Гулистон Ҳайдарова дар баромадашон аз чунин суҳбати пурмуҳтаво,   ки мавзӯъҳои муҳими ҳаётиро дарбар гирифтааст, миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки муҳтавои хониши сиёсиро дар нишаст ва дигар ҷамъомадҳо ба диққати тамоми сокинони деҳа мерасонанд.

Аҳли деҳ аз эълон гардидани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”  изҳори  қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки бо фаро расидани фасли гармо  маҳалли зисташонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Дар охир ба иштирокчиёни хониши сиёсӣ нашри махсуси  “Ҳамрози халқ” ва маводҳои таблиғотӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg